Нигаронӣ аз афзоиши ҳодисаҳои роҳу нақлиётӣ
Хуҷанд, 4.06.2014. (АМИТ “Ховар”, Абдуаҳад Шарифзода).-Тавре ки аз БДА Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд иттилоъ доданд, дар давоми 5 моҳи соли 2014 дар роҳҳои нақлиётгарди ҳудуди вилоят 111 ҳодисаи роҳу нақлиётӣ ба қайд гирифта шуда, бар асари он 46 нафар ба ҳалокат расида, 123 тани дигар ҷароҳати гуногуни ҷисмонӣ бардошт. Дар муқоиса ба ҳамин давраи соли сипаришуда теъдоди садамаҳо 3 ҳодиса кам шудааст, вале шумораи халокшудагон 1 нафар ва ҷароҳатбардоштагон 5 нафар афзудааст.
Содиршавии ҳодисаҳои роҳу нақлиётӣ дар ин давра асосан дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Панҷакент, Ҷ.Расулов ва Мастчоҳ рӯ ба афзоиш овардааст.
Инчунин тайи 4 моҳи соли равон бар асари рӯй додани ҳодисаҳои роҳу нақлиётӣ 6 нафар кӯдаку наврас ба ҳалокат расида, 16 тани дигар ҷароҳат бардошт.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






