Оғози даври 8-уми лигаи олии футболи Тоҷикистон
Душанбе, 13.06.2014. (АМИТ “Ховар”, Ситораи Боймурод).- Бозиҳои даври 8-уми мусобиқаи қаҳрамонии лигаи олии футболи Тоҷикистон имрӯз шуруъ мешаванд.Ба иттилои Кумитаи миллии олимпӣ имрӯз ду бозӣ байни дастаҳои «Энергетик» (Душанбе) — «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) ва «Далерон-Уротеппа» (Истаравшан) — «Вахш» (Қӯрғонтеппа) барпо мегардад.Ду бозии дигари даври навбатӣ 14-уми июн байни дастаҳои «Истиқлол» (Душанбе) — «Хайр» (Ваҳдат) ва «Хуҷанд» (Хуҷанд) — «Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров) сурат мегирад.Бозии охирини даври 8-ум миёни дастаҳои ССКА «Помир» (Душанбе) — «Равшан» (Кӯлоб) 15-уми июни соли равон доир хоҳад шуд. Дар ҷадвали мусобиқа “Истиқлол” бо 19 имтиёз пешсаф буда, ягона дастаест, ки бохт надорад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






