Оғози сафари расмии Сарвазири Покистон ба Тоҷикистон

Июнь 17, 2014 15:07

 
 
Душанбе, 17.06.2014. (АМИТ «Ховар»). — Барномаи сафари расмии Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Навоз Шариф ба Тоҷикистон бо маросими бошукӯҳи истиқболи расмӣ дар майдони назди Қасри Миллат оғоз ёфт.
Барои анҷоми ин маросим дар назди Қасри Миллат ҷузъутомҳои горди фахрии Тоҷикистон ва оркестри асбобҳои нафасӣ саф оростанд.
Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Навоз Шарифро Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон истиқбол гирифта, ба болои минбари ифтихорӣ даъват намуд.
Маросими истиқболи расмӣ бо гузориши фармондеҳи горди фахрӣ, садо додани суруди миллии ду кишвар, гузашти сарони ду давлат аз назди қатор, арзи саломи меҳмони олимақом ба афсарону сарбозон, ба ҷо овардани эҳтиром ба Парчами давлатии Тоҷикистон ва шиносоӣ бо ҳайатҳои расмии ду ҷониб ҷараён гирифт.
Маросими истиқбол бо гузашти мутантани ҷузъутомҳои горди фахрии Тоҷикистон ба поён расид.
Баррасии масоили вобаста ба рушди муносиботи дӯстона ва ҳамкории судбахш нахуст дар мулоқоти хосаи Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Навоз Шариф оғоз ёфт.
Пас аз анҷоми мулоқоту музокироти расмӣ ба имзо расидани як зумра санадҳои муҳим, аз ҷумла барои рушди ҳамкорӣ дар самти мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ ва соҳаҳои саноати нассоҷӣ,  таҳсилоти касбӣ, забономӯзӣ ва китобдорӣ дар назар аст.
 
 

Июнь 17, 2014 15:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!