Ободсозии иншооти ВКД

Июнь 7, 2014 11:51

Душанбе, 07.06.2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).- Имрӯз баъд аз таъмиру таҷдид ва корҳои ободонӣ Қисми таълимии Вазорати корҳои дохилӣ, Баталиони хизмати дидбонӣ-пайраҳадории милитсияи Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ва ротаи зарбазани дастаи таъиноти махсуси милитсия мавриди истифода ва баҳрабардорӣ қарор дода шуданд.
Тавре ки маркази матбуоти ВКД хабар медиҳад, дар ин чорабинӣ вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Надиров Рамил Халилович, ҳайати намояндагони ташкилоти байналмилалии «Эмерҷенсгруп» ва ҳайати шахсии  воҳидҳои мазкур иштирок намуданд. Рамазон Раҳимзода нахуст аз китобхона ва синфхонаҳои Қисми таълимии Вазорати корҳои дохилӣ боздид ба амал оварда, синфхонаҳои умумӣ, методӣ, компютерӣ, маркази тестӣ, синфхонаҳо доир ба самти фаъолияти Хадамоти давлатии «Муҳофиза», хадамоти дидбонӣ-пайраҳадории милитсия  ва Бозрасии давлатии автомобилиро аз назар гузаронида, аз тарзу услуб ва таъмиру таҷдиди онҳо қаноатманд гардид.
Мавриди тазаккур аст, ки Қисми таълимии мазкур солиёни зиёд бетаъмир ва дар ҳолати фарсудашавӣ қарор дошт. Баъди азнавсозӣ ва таъмиру таҷдид тамоми синфхонаҳо бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз гардида, ба талаботи имрӯза ҷавобгӯ мебошанд.
Сипас, вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода аз ошхона, ки бо дастгирии «Эмерҷенсгруп» таъмиру таҷдид гардидааст, дидан намуд. Ошхона аз 86 ҷой барои афсарону кормандони қаторӣ иборат буда, бо тамоми лавозимоти зарурӣ таҷҳизонида шуда, ҳамарӯза фаъолият менамояд.
Дар Қисми таълимӣ инчунин хобгоҳ, толори варзишӣ, ҷойи тирпарронӣ, ҳаммом ва ҷойи даструшуӣ мавҷуд буда, шунавандагоне, ки аз дигар манотиқи кишвар барои бозомӯзӣ фиристода мешаванд, бо тамоми шароити мусоид фаро гирифта шудаанд.
Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода ба ҳайати намояндагони «Эмерҷенсгруп» барои кӯмак ва дастгириашон изҳори миннатдорӣ намуд. 
Сипас, ҳозирин ба Баталиони хизмати дидбонӣ-пайраҳадории милитсияи РВКД дар шаҳри Душанбе ташриф оварда, аз таъмиру таҷдиди  қисми навбатдорӣ, толори маҷлисгоҳ, бунгоҳи тиббӣ, ошхона, хобгоҳ ва шароитҳои маишии онҳо шиносоӣ пайдо намуда, ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд доданд.
Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода зимни боздид аз Ротаи зарбазани Дастаи таъиноти махсуси милитсия барои боз ҳам ободу зебо намудани баъзе аз минтақаҳои таъмирталаб ва бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ба масъулини соҳа дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Мавриди зикр аст, ки корҳои ободонию созандагӣ дар партави сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ идома дошта, ҳамасола садҳо иншоот ва биноҳои маъмурию хизматӣ бунёд гардида, дар ин раванд утоқҳои кории нозирони минтақавӣ низ азнавсозӣ ва таъмиру таҷдид гардиданд.
 

Июнь 7, 2014 11:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!