Омӯзиш ҷиҳати муайянкунии услубҳои мошинҳои дуздидашуда
Душанбе, 05.06.2014. (АМИТ «Ховар»,Фарзона Достонзода).- — Чордаҳ афсари хадамоти гумрукӣ дар курси омӯзишӣ доир ба мавзӯи «Услубҳои муайянкунии мошинҳои дуздидашуда» иштирок карданд. Курси мазкур дар чорчӯбаи Барномаи Иттиҳоди Аврупо оид ба мусоидат ба идораи сарҳадот дар Осиёи Марказӣ (БОМКА), ки аз ҷониби Барномаи рушди СММ амалӣ мегардад, ташкил шудааст. Тавре ки аз Намояндагии Иттиҳоди Аврупо ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ду омӯзгори австриягӣ аз Маркази байналмилалӣ оид ба рушди сиёсати муҳоҷиратӣ (МБРСМ) ба иштироккунандагони курси омӯзишӣ иттилооти асосиро дар бораи навъҳои гуногуни дуздидани мошин ва воситаҳои муайянкунии мошинҳо омӯзониданд. Дар ҷараёни курси омўзишӣ иштироккунандагон бо услубҳои муайянсозии рақами идентификатсионии (VIN-код) мошинҳо ва роҳҳои ошкорсозии мошинҳои дуздидашуда ошноӣ пайдо карданд. Машқҳои амалӣ дар терминали гумрукии Душанбе-2 сурат гирифтанд. Дар ин ҷо барои афсарони хадамоти гумрукӣ имконияти хуб фароҳам оварда шуд, то ки онҳо дониш ва маҳоратеро, ки дар соҳаи муайянсозии мошинҳои дуздидашуда ба даст овардаанд, дар амал нишон диҳанд.Тақвияти амният дар Осиёи Марказӣ ва ҷонибдории тиҷорат ва транзити қонунӣ аз як тараф ва аз тарафи дигар пешгирии убуру мурури ғайриқонунии одамон ва маҳсулот аз сарҳади кишварҳои Осиёи Марказӣ вазифаи умдаи барномаи БОМКА ба ҳисоб меравад.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






