Омӯзиш дар бахши ҳунармандӣ

Июнь 2, 2014 12:02

Душанбе, 02.06.2014. (АМИТ «Ховар»,Фарзона Достонзода).- Барномаи Иттиҳоди Аврупо аввалин омӯзишро оид ба идораи доираи барнома барои ташкилотҳои миёнарави — тиҷоратӣ дар бахши ҳунармандӣ дар Душанбе гузаронид. 
Тавре ки аз намояндагии Иттиҳоди Аврупо  дар Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, омӯзиш аз тарафи Ташкилоти ғайритиҷоратии фонди Cesvi дар шаҳри Душанбе дар чорчӯбаи лоиҳаи «Ҳунармандӣ ва соҳибкорӣ ба воситаи ҳамгироии минтақавӣ ва бозори савдои боадолат», ки аз тарафи Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ мегардад, ташкил  шуд. Омӯзиш намояндаҳои АМСХМ ҶТ (Ассотсиатсияи миллии соҳибкории хурд ва миёнаи Ҷумҳурии Тоҷикистон), Иттифоқи ҳунармандони Тоҷикистон, Ассотсиатсияи заргарон, Вазорати фарҳанг, Палатаи савдо ва саноатро ҷалб намуд.  
Бояд зикр  намуд, ки ин омӯзиш барои омӯзгорон якумин силсила барои тақвияти вазифаи ташкилотҳои миёнаравии тиҷоратӣ ва зиёд намудани малакаи онҳо дар бахши ҳунармандии Тоҷикистон ва Қирғизистон мебошад.   Дар давоми 2 сол барнома барои ҳамкории Тоҷикистон ва Қирғизистон дар бахши ҳунармандӣ мусоидат менамояд. 
 

Июнь 2, 2014 12:02

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад