Омӯзиши безарарсозии мина

Июнь 16, 2014 10:26

Душанбе,16.06.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Бо ҷалби намояндагони кишварҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Туркманистон дар машқгоҳи Лоҳур вобаста ба тайёр намудани мутахассисони муҳандисӣ-сапёрӣ барои нобуд намудани моддаҳои тарканда ва лавозимоти ҷангӣ мувофиқ ба стандартҳои ҷаҳонӣ дар давоми 10 рӯз машғулиятҳои омӯзишӣ баргузор  шуданд, ки дар кори он масъулин аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба иштирокчиёни семинар тарзу усулҳои корҳои таркиши мина ва безарарсозии дигар модаҳои мавҷударо омӯзонданд.
Ба андешаи масъулини соҳа, маҳз бо назардошти он ки қисмати бештари минтақаҳои сарҳадии кишварро хатзой ташкил медиҳанд, ин масъала дар худ раванди ҷаҳониро касб кардаву тибқи барномаҳои давлатӣ то ба имрӯз чандин семинарҳои омӯзишӣ дар ҳамдастӣ бо кишварҳои хориҷӣ амалӣ гашта, ҳамасола барои ҳалли он ва пешгириву бартарафсозӣ дар ин замина чорабиниҳои гуногун тарҳрезӣ мешаванд.
Ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати мудофиа 8 рӯзи семинар ба таври назариявӣ ва ду рӯзи дигар дар машқгоҳи мазкур ба таври амалӣ, яъне бо тарзу усулҳои таркиш аз ҷониби иштирокчиён сурат гирифт. Баъди анҷоми машғулиятҳо ба ҳар як афсари иштирокчӣ сертификати ҷаҳонӣ дода, мувофиқа шуд, ки марҳилаи дуюми семинар моҳи октябри соли равон дар манотиқи гуногуни кишвар гузаронида шавад.  
 

Июнь 16, 2014 10:26

Хабарҳои дигари ин бахш

SIM ё eSIM: чаро муштариён кортҳои электрониро интихоб мекунанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд