Омӯзиши безарарсозии мина
Душанбе,16.06.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Бо ҷалби намояндагони кишварҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Туркманистон дар машқгоҳи Лоҳур вобаста ба тайёр намудани мутахассисони муҳандисӣ-сапёрӣ барои нобуд намудани моддаҳои тарканда ва лавозимоти ҷангӣ мувофиқ ба стандартҳои ҷаҳонӣ дар давоми 10 рӯз машғулиятҳои омӯзишӣ баргузор шуданд, ки дар кори он масъулин аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба иштирокчиёни семинар тарзу усулҳои корҳои таркиши мина ва безарарсозии дигар модаҳои мавҷударо омӯзонданд.
Ба андешаи масъулини соҳа, маҳз бо назардошти он ки қисмати бештари минтақаҳои сарҳадии кишварро хатзой ташкил медиҳанд, ин масъала дар худ раванди ҷаҳониро касб кардаву тибқи барномаҳои давлатӣ то ба имрӯз чандин семинарҳои омӯзишӣ дар ҳамдастӣ бо кишварҳои хориҷӣ амалӣ гашта, ҳамасола барои ҳалли он ва пешгириву бартарафсозӣ дар ин замина чорабиниҳои гуногун тарҳрезӣ мешаванд.
Ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати мудофиа 8 рӯзи семинар ба таври назариявӣ ва ду рӯзи дигар дар машқгоҳи мазкур ба таври амалӣ, яъне бо тарзу усулҳои таркиш аз ҷониби иштирокчиён сурат гирифт. Баъди анҷоми машғулиятҳо ба ҳар як афсари иштирокчӣ сертификати ҷаҳонӣ дода, мувофиқа шуд, ки марҳилаи дуюми семинар моҳи октябри соли равон дар манотиқи гуногуни кишвар гузаронида шавад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






