Омодабошии ҷангии ҷузъу томҳо

Июнь 16, 2014 10:25

Душанбе,16.06.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Дар ҷамъомади навбатие, ки дар пойгоҳи Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиа баргузор гардид, ҳайатҳои роҳбарии ин ниҳоди қудратӣ, сардорони раёсатҳо, сардорони ситодҳои қисмҳои ҳарбӣ ширкат намуда, масъулини соҳа сатҳи омодабошии ҷангии ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳи кишварро баррасӣ карданд. 
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Вазорати мудофиа, пешрафти техникаву технологияи ҷаҳони муосир омӯзишу азбаркунии навъҳои гуногуни яроқу аслиҳа, ташкили машқҳои муштараки дастаҷамъӣ, барои боз ҳам мустаҳкам намудани қобилияти омодабошии ҷангии ҷузъу томҳо мусоидат намояд, ба таври назариявӣ ва амалӣ роҳандозӣ  мешавад.
Ташкили ҷамъомадҳои сафарбарӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҳудуди ҷумҳурӣ, ҷобаҷокунии онҳо дар қисмҳои ҳарбӣ, таъмини онҳо бо воситаҳои алоқа, бурдани корҳои иктишофии ҳарбӣ ва ба роҳ мондани амалиёти махсуси ҷангӣ дар замони осоишта ва ҷанг аз мавзӯъҳои навбатӣ буд, ки дар ин машғулиятҳо аз ҷониби шахсони дахлдори соҳа ба ҳайати ширкаткунандагони ҷамъомад дар давоми ду рӯз омӯзонда шуданд.

Июнь 16, 2014 10:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст