Омодабошии ҷангии ҷузъу томҳо
Душанбе,16.06.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Дар ҷамъомади навбатие, ки дар пойгоҳи Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиа баргузор гардид, ҳайатҳои роҳбарии ин ниҳоди қудратӣ, сардорони раёсатҳо, сардорони ситодҳои қисмҳои ҳарбӣ ширкат намуда, масъулини соҳа сатҳи омодабошии ҷангии ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳи кишварро баррасӣ карданд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Вазорати мудофиа, пешрафти техникаву технологияи ҷаҳони муосир омӯзишу азбаркунии навъҳои гуногуни яроқу аслиҳа, ташкили машқҳои муштараки дастаҷамъӣ, барои боз ҳам мустаҳкам намудани қобилияти омодабошии ҷангии ҷузъу томҳо мусоидат намояд, ба таври назариявӣ ва амалӣ роҳандозӣ мешавад.
Ташкили ҷамъомадҳои сафарбарӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҳудуди ҷумҳурӣ, ҷобаҷокунии онҳо дар қисмҳои ҳарбӣ, таъмини онҳо бо воситаҳои алоқа, бурдани корҳои иктишофии ҳарбӣ ва ба роҳ мондани амалиёти махсуси ҷангӣ дар замони осоишта ва ҷанг аз мавзӯъҳои навбатӣ буд, ки дар ин машғулиятҳо аз ҷониби шахсони дахлдори соҳа ба ҳайати ширкаткунандагони ҷамъомад дар давоми ду рӯз омӯзонда шуданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






