Омодагиҳо ба Чемпионати ҷаҳон байни наврасон оид ба таэквондо
Душанбе, 30.06.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- 28-уми июни соли равон нишасти матбуотӣ оид ба рафти омодагӣ ба баргузории Чемпионати ҷаҳон байни наврасон оид ба таэквондо (ITF), ки аз 2-юм то 11-уми августи соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе доир мешавад, баргузор гардид.Дар нишасти матбуотӣ ба саволи рўзноманигорон муовини аввали раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Кабирҷон Ҷўраев, раиси Федератсияи миллии таэквондо ва кикбоксинги ҷумҳурӣ Мирсаид Яҳёев, ноиби раиси Федератсияи миллии таэквондо ва кикбоксинги ҷумҳӯрӣ Наргис Набиева ва сармураббии дастаи мунтахаби наврасон оид ба таэквондо (ITF) Урунов Фурқат посух доданд.Зимни нишаст зикр гардид, ки бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фармоиши Ҳукумати ҷумҳурӣ барои дар сатҳи баланд баргузор намудани чорабинӣ зиёда аз 600 000 (шашсад ҳазор) сомонӣ маблағ ҷудо гардид, ки аз ҳисоби он тибқи талаботи қонунгузорӣ лавозимот ва хизматрасонии зарурӣ барои чорабинӣ тавассути Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон харидорӣ гардиданд.Барои таъмини сатҳ ва сифати баргузории чорабинӣ аз ҷониби Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода 6-уми феврали соли 2014 ҳайати Кумитаи тадорукот бо роҳбарии муовини Сарвазири ҷумҳурӣ Марҳабо Ҷабборӣ тасдиқ карда шуд. Инчунин, аз ҳисоби масъулони Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати мамлакат ва Федератсияи миллии таэквондо ва кикбоксин гурўҳи корӣ ва кумитаи иҷроия таъсис гардидааст. То имрўз 1 ҷаласаи Кумитаи тадорукот, 3 ҷаласаи корӣ дар назди Марҳабо Ҷабборӣ муовини Сарвазир ва зиёда аз 18 ҷаласаи гурўҳи корӣ баргузор карда шуданд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






