Парлумонҳо дар равобити Душанбею Маскав нақши калидӣ доштаанд
Душанбе, 19.06.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- «Имрӯз мо дар равобити Душанбе ва Маскав пешрафтҳои муассирро эҳсос менамоем, ки дар ин росто робитаҳои бадастовардаи байнипарлумонии Тоҷикистону Русия мақоми махсусро дорад»,- чунин иброз дошт Шукурҷон Зуҳуров-раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷараёни мулоқот бо Сергей Наришкин -раиси Думаи давлатии Русия.
«Ба тасвиб расидани Созишнома оид ба мақоми пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон, ҳамкориҳо дар соҳаи маҳсулоти нафтӣ, дар бахши муҳоҷират аз дастгирии парлумониҳои ҳар ду кишвар бархурдор шуданд», таъкид кард Ш. Зуҳуров.
Мусоҳибон дар мулоқот ҳамкориҳои ду кишваррро дар бахшҳои иқтисоду тиҷорат, фарҳанг, маориф, туризм, низомӣ — техникӣ, мубориза ба муқобили гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва терроризмро баррасӣ намуданд. Зикр шуд, ки барои густариши ҳамкориҳои дуҷониба, равобити байнипарлумонҳо, ҳукумат, вазорату идораҳо, сохторҳои тиҷоратии кишварҳои Тоҷикистону Русия зарур аст, то дар ин замина созишнома ва қарордодҳои баимзорасидаи байнидавлатӣ ҳарчи зудтар дар амал татбиқ шаванд.
Раиси Думаи давлатии Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия Сергей Наришкин, сафари расмии Шукурҷон Зуҳуровро ба Маскав идомаи мантиқӣ ва анъанаи нек дар рушду тавсеаи ҳамкориҳои байнипарлумонии Тоҷикистону Русия арзёбӣ кард. Мавсуф афзуд, ки бобати тақвияти ҳамкориҳои самарабахши ҳар ду кишвар дар бахшҳои мухталиф парлумонҳои Тоҷикистону Русия заминаи ҳуқуқӣ ва қонунии онҳоро фароҳам овардаанд. Далели ин ба тасвиб расидани якчанд созишномаи байнидавлатӣ аз ҷониби парлумонҳои ҳар ду кишвар аст, ки онҳо ба ҳифзи манфиатҳои мардумони Тоҷикистону Русия нигаронида шудаанд.11.23.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






