Парлумон аз ҳуқуқҳои муҳоҷирони меҳнатӣ ҳимоят менамояд
Душанбе, 18.06.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Дар доираи сафари расмӣ ба Федератсияи Русия Шукурҷон Зуҳуров -раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо муҳоҷирини меҳнатии тоҷик мулоқот намуд. Раиси палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон таъкид кард, ки масъалаи муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони мо дар Русия ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Дар ин росто, роҳбарияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ибрози умедворӣ менамояд, ки ҳамаи нофаҳмиҳои дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ ҷойдошта аз миён бардошта хоҳанд шуд. Ш. Зуҳуров иброз намуд, ки қариб 90 % муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони мо ба Русия рост меояд. Аз ин рӯ таъмини ҳифзи ҳуқуқу озодиҳо ва манфиатҳои иқтисодии муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистон дар Русия аз мавҷудияти санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии соҳавии танзимкунандаи муносибатҳо байни Тоҷикистон ва Русия вобастагӣ дорад.
Раиси Маҷлиси намояндагон роҷеъ ба масъалаи таъминоти нафақаи муҳоҷирини меҳнатии Тоҷикистон дар Русия дахл намуда, гуфт, ки ҳанӯз дар моддаҳои 6 ва 8 -и Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия дар бораи фаъолияти меҳнатӣ ва ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсия Русия ва шаҳрвандони Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 октябри соли 2004 дар назар гирифта шуда буд. Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон барои ҳалли масъалаи суғуртаи иҷтимоӣ ва таъминоти нафақа масъалаи мазкурро якчанд маротиба ба ҷаласаҳои гурӯҳи кории якҷояи Тоҷикистону Русия оид ба татбиқи Созишномаи мазкур пешниҳод намуда, мавриди баррасӣ қарор дод.
Ҳамчунин дар мулоқот роҳбарону намояндагонии ҷамъиятҳои тоҷикон дар Русия сухан гуфта, доир ба мушкилоти муҳоҷирини меҳнатии Тоҷикистон дар Русия, ҳифзи ҳуқуқҳои муҳоҷирони меҳнатӣ ва соири масоили марбут ба ин раванд табодули назар намуданд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






