Пешниҳоди М.Ӯлҷабоева
Душанбе, 23.06.2014. (АМИТ «Ховар», Екатерина Пасторова). – Тоҷикистон узви Созмони умумиҷаҳонии савдо шудааст, вале фаъолияти механизмҳои он ба намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон ҳанӯз пурра фаҳмо нест. Ба гуфтаи бисёр мутахассисон, соҳибкорони тоҷик ба фоидаи ворид шудан ба Созмони умумиҷаҳонии савдо ҳанӯз сарфаҳм нарафтаанд. Роҳбари Анҷумани тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон Матлуба Ӯлҷабоева зимни суханрониаш якчанд пешниҳод ироа намуд.«Ман медонам, ки созмонҳои байналмилалӣ дар кишварамон барои интишори иттилоот байни соҳибкорони тоҷик дар мавриди Созмони умумиҷаҳонии савдо чӣ гуна корҳоро анҷом додаанд. Бисёрии онҳо ҳанӯз намефаҳманд, ки мо бо кадом мақсад вориди ин созмон шудаем. Бинобар ин, пешниҳод мекунам, ки хусусан дар факултаҳои иқтисодии донишкадаҳои олии ҷумҳурӣ фанҳои махсус аз рӯи қоидаҳо ва кори Созмони умумиҷаҳонии савдо ворид карда шавад», — гуфт М.Ӯлҷабоева.Ба гуфтаи мавсуф, бояд на фақат дар шаҳри Душанбе, балки дар минтақаҳо низ барои намояндагони ҳар бахши иқтисодиёт нишасту ҷамъомадҳои махсус доир карда шавад.Муовини вазири рушди иқтисод ва савдои ҶТ Саидраҳмон Назриев ин пешниҳодро дастгирӣ карда, зикр намуд, ки вазорат пешниҳодро баррасӣ намуда, кӯшиш менамояд, ки роҳҳои татбиқи онро пайдо кунад.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






