Посухи Ромадоновский ба эродҳои Зуҳуров
Душанбе, 18.06.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Константин Ромадоновский -сардори Хадамоти Федералии муҳоҷирати меҳнатии Русия дар мулоқоташ бо Шукурҷон Зуҳуров-раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита ба ихроҷ шудани муҳоҷирони меҳнатии тоҷик аз Русия бо таасуф гуфтааст, ки дар баъзе мавридҳо аз ҷониби кормандони Хадамоти мазкур зиёдаравӣ сурат мегирад, ки дар натиҷа ба ҷойи ҷазои сабук аз хориҷ намудани муҳоҷирон кор мегиранд. Мавсуф таъкид намудааст, ки Хадамоти Федералии муҳоҷирати меҳнатии Русия муносибати ихроҷ аз қаламрави Русияро танҳо барои муҳоҷирони тоҷик не, балки барои ҳамаи миллатҳое, ки дар қаламрави Русия фаъолият ва зиндагии ғайриқонунӣ доранд, раво мебинад.
Контантин Ромадоновский дар посух ба эродҳои Шукурҷон Зуҳуров дар мавриди манъи вуруди бархе аз донишҷӯён, хатмкунандагон ва аспирантҳои тоҷик, ки дар муассисаҳоии олии таълимии Русия таҳсил мекунанд, гуфтааст, ки дар кӯтоҳтарин муддат барои аз миён бардоштани ин нофаҳмиҳо иқдом менамоем.
Ҳамзамон Константин Ромадоновский афзудааст, ки ниҳодҳои марбутаи ҳар ду кишвар барои рафъи камбудиҳое, ки дар бахши муҳоҷирати меҳнатӣ ҷой доранд, бо роҳи машварат ва мулоқотҳои пай дар пайи масъулон талошҳои муассир карда истодаанд ва умедворем, ки ин мушкилот ба зудӣ роҳи ҳалли худро меёбад.
«Мо дар ҳамаи ҳолатҳо барои муҳоҷирони тоҷики муқими Русия имтиёзҳои иловагӣ хоҳем дод ва зиёд намудани муҳлати иҷозатномаҳои кор ва замони бақайдгирии муҳоҷирон аз имтиёзҳое ҳаст, ки барои муҳоҷирони меҳнатии дигар кишварҳо вуҷуд надорад. «Хадамоти Федералии муҳоҷирати меҳнатии Федератсияи Русия дар маҷмӯъ талош мекунад, ки дар ҳамкорӣ бо ҳамкасбони тоҷики худ барои аз байн бурдани нофаҳмиҳо ва ҳалли мушкилоти марбут ба муҳоҷирати меҳнатӣ иқдомҳои муассир намояд, — гуфт дар фарҷом Константин Ромодановский.








Занони тоҷик бо ҳунари порадӯзӣ хона ва ҷиҳози арӯсонро оро медиҳанд
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст






