Псков барои таҳсил даъват мекунад
Душанбе, 12.06.2014. (АМИТ «Ховар», Екатерина Пасторова). – Донишкадаи молияю иқтисоди Тоҷикистон бо донишкадаҳои хориҷию Тоҷикистон дар бахши мубодилаи муаллимону донишҷӯён ва китобҳои методию таълимӣ зич ҳамкорӣ дорад, — гуфт зимни сӯҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» ректори донишкада Ашӯрбой Солиев. Мувофиқи суханони мавсуф, имрӯз яке аз донишкадаҳои ҷавонтарини олии кишвар бо 26 муассисаҳои таҳсилотии Иттиҳоди Аврупо, Федератсияи Русия, Украина, Қазоқистон ва Қирғизистон шартномаҳо бастааст. «Алҳол дар донишкада 4 лоиҳаи ройгонӣ дар амал татбиқ мегардад, ки дар ҳошияи онҳо харидории таҷҳизоти техникӣ ва китобҳои махсуси таълимӣ, таҷрибаомӯзии омӯзгорон, такмили раванди таълим ва ғайра дар назар аст», — гуфт Ашӯрбой Солиев. Мувофиқи суханони Ашӯрбой Солиев, Донишгоҳи давлатии шаҳри Псков барои таҳсили донишҷӯёни тоҷик ду ҷойи буҷетӣ ҷудо кардааст. Донишгоҳи мазкур омодааст, ки дар асоси тиҷоратӣ донишҷӯёни дигарро низ қабул намояд.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






