Раиси нави Академияи рассомӣ интихоб шуд

Июнь 5, 2014 14:04

Душанбе, 05.06.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно  Нусратуллозода). – 3 июн дар ҷаласаи  васеи Шӯрои Академияи  рассомии  Тоҷикистон рассом, академики Академияи  рассомии  Тоҷикистон  Олимхон  Рабиев  раиси  нави академия  интихоб гардид. 
Тавре  ки аз  Вазорати  фарҳанги  Тоҷикистон  хабар  доданд, Нависандаи  халқии   Тоҷикистон, дорандаи Мукофоти  давлатӣ Абдулҳамид  Самадов  узви  вобастаи Академияи  рассомии  Тоҷикистон, нависанда,  тарҷумон,  доктори  фахрии  фалсафа  дар  бахши  адабиёт Абдуғаффор  Абдуҷабборов  ва  рассоми  маъруф, Ходими  шоистаи  санъати ҷумҳурӣ  Ҷонибек  Асоев академикҳои  Академияи  рассомии  Тоҷикистон  интихоб  шуданд.
Дар  ҷаласа  раиси  собиқи  академия, Рассоми  халқии  Тоҷикистон,  ҷоизи  Мукофоти  давлатӣ Вафо  Назаров аз  кори  иҷрошуда тайи  панҷ  соли охир гузориш  дод. 
Зикр  шуд, ки  таъсиси  академия  ба рушди  санъати  тасвирии  ҷумҳурӣ  мусоидат  карда,  бори нахуст  дар таърихи  санъати тасвирӣ  18  нафар  рассомони  машҳур  ба  ҳайси  академикҳои  Академияи  рассомии  Тоҷикистон  ва  бархе  ходимони санъати  Русия аъзои  фахрии хориҷии  он  интихоб  гардиданд. Бо  ибтикори  академия  якчанд  намоишгоҳҳо ташкил  намуда,  рассомони  болаёқати  ҷавон  дар семинарҳои  кишварҳои  хориҷӣ  иштирок  карданд. 

Июнь 5, 2014 14:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст