Раиси нави Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагон
Душанбе, 30.06.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Намояндаи Ҳизби аграрии Тоҷикистон дар палатаи поёнии Парлумони мамлакат Зайниддин Сафаров раиси Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид. Дар ин хусус 30 июн дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарори дахлдор қабул гардид. З.Сафаров беш аз як сол аст, ки дар Парлумон фаъолият дошта, яке аз фаъолони Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагон аст. Қаблан дар ин вазифа Маҳмадшариф Ҳақдодов фаъолият дошт, ки бо пешниҳоди Президенти кишвар муовини котиби генералии Созмони ҳамкории Шанхай ба намояндагӣ аз Тоҷикистон таъин гардид.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






