«Равшан»-ро бо қарзи имтиёзноки БИР таҷдид менамоянд
Душанбе, 25.06.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Зеристгоҳи барқии «Равшан», воқеъ дар ғарби Тоҷикистон, ки беш аз 50 сол фаъолият дорад, таҷдид карда мешавад. Вобаста ба ин, имрӯз аз сӯи вакилони палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагон Созишномаи қарзӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Исломии Рушд /БИР/ оид ба лоиҳаи таҷдиди зеристгоҳи барқии «Равшан» ба тасвиб расид.
Муовини аввали вазири молияи ҷумҳурӣ Ҷамолиддин Нуралиев гуфт, ки арзиши лоиҳаи мазкур 14,5 миллион $ -ро ташкил дода, 13 миллион $ аз ҳисоби қарзи имтиёзноки БИР ва 1, 5 миллион $ ҳиссаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағгузории ширкати саҳҳомии холдингии корпоратсияи «Барқи Тоҷик» мебошад. Маблағи ҷамъшавандаи лоиҳаи мазкур имтиёзнок буда, муҳлати қарз 25 сол, давраи имтиёзнокии пардохти қарзи асосӣ 7 сол аст. Инчунин меъёри фоиз то 2,5 %-и солона буда, дар маҷмӯъ элементи грантии он беш аз 35%-ро ташкил медиҳад. Ҳамзамон Вазорати молияи ҷумҳурӣ бо ширкати саҳҳомии холдингии корпоратсияи «Барқи Тоҷик» Созишномаи зерқарзиро бо мақсади баланд бардоштани самаранокии истифодаи маблағҳои қарзӣ ва сифатнок анҷом додани корҳо дар доираи лоиҳаи мазкур ба имзо мерасонад, ки ин масъулиятнокии мутахассисони соҳаро зиёд менамояд, мегӯяд Ҷамолиддин Нуралиев.
Нақшаи татбиқи лоиҳаи мазкур 44 моҳро баъд аз ба расмият даровардани Созишномаи қарзӣ дар бар мегирад. Дар ин давра ба маблағи тақрибан 9 миллион $ таҷҳизот харидорӣ ва насб гардида, инчунин ба маблағи 3 миллион $ корҳои сохтмонӣ ба анҷом расонида мешаванд.
Зеристгоҳи «Равшан» ҳанӯз соли 1963 ба истифода дода шуда, то имрӯз аҳолии шаҳри Турсунзода ва ноҳияи Шаҳринавро бо неруи барқ таъмин менамояд. Бинобар ин дастгоҳҳои зеристгоҳ фарсудаю корношоям гардидаанд, ки сабаби коҳиш ёфтани мунтазами таъмини ин минтақа бо неруи барқ гардидааст ва ниёз ба таҷдид дорад.Таъкид гардид, ки зеристгоҳи мазкур дар рушди низоми энергетикии минтақа аҳамияти муҳим дошта, аҳолии шаҳри Турсунзода ва ноҳияи Шаҳринавро, ки қариб 400 ҳазор нафарро ташкил медиҳад, бо барқ таъмин менамояд.
Тибқи дурнамо аҳолии ин шаҳру ноҳия дар соли 2017 ба 485 ҳазор нафар расида, он ба зиёд гардидани талабот ба неруи барқ оварда мерасонад. Аз ин рӯ, бо таҷдиди зеристгоҳи «Равшан» дар соли 2017 иқтидори он дар мавсими тобистон ба 30% ва дар фасли зимистон ба 26% тадриҷан зиёд мегардад.








«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад






