Роҳҳо- пайвандгари қалбҳо

Июнь 4, 2014 15:28

 Кӯлоб, 4.06.2014. (АМИТ Ховар, Сулаймони Хол).-Бо мақсади беҳтар намудани ҳолати роҳҳои мошингард бо маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Точикистон ва ҷалби сармояи хориҷӣ таъмиру таҷдиди роҳи мошингарди Восеъ- Ховалинг дар масофаи 86 километр идома дорад. 
Дар ноҳияи Ховалинг   бо ҷалби соҳибкорони маҳаллӣ таъмири   роҳҳои асосии дохили ноҳия ба роҳ монда шудааст. Аз оғози корҳои таъмирӣ беш аз 40 тонна  мумфарши пухтаи хушсифат харид гардида, ба воситаи техника ва коргарони муассиса   кӯчаҳои марказӣ таъмир мегарданд. 
Ба гуфти  Ибодулло Ҳоҷиев, сармеъмори ноҳияи Ховалинг дар баробари ин сокинони ноҳия ва соҳибкорон кӯчаҳои ҳудуди деҳаҳо ва байни деҳаҳоро сангфарш мекунанд. Ҳукумати ноҳия то имрӯз барои вусъати корҳо ва сари вақт таъмир намудани роҳҳо ба муассисаи мазкур 10 ҳазор сомонӣ ҷудо намудааст. 
Ҳамчунин сохтмони биноҳои маъмурӣ, марказҳои хизматрасонию маишӣ, маориф, тиббӣ ва варзишӣ вусъати тоза пайдо менамояд.  
 
 
 
 

Июнь 4, 2014 15:28

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад