Роҳхат барои ҳифзи Ватан

Июнь 24, 2014 11:18

Хуҷанд, 24.06.2014. (АМИТ «Ховар»,  Самад Юсуфӣ).- 24 июн  дар факултаи №4-и Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими хатми курсантони курси чорум баргузор гардид. Дар чорабинӣ сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқ, генерал-майори милитсия Маҷидзода Ҷўрахон Зоир оид ба иҷрои вазифаҳои мардонагиву шуҷоатмандӣ ва ҳифзи Ватан сухан ронда, ба хатмкунандагон дар ҷодаи хизмати пуршараф дар мақомоти корҳои дохилӣ, ҳифзи амнияту тартиботи ҷамъиятӣ ва мубориза бо ҳама гуна ҷинояту ҳуқуқвайронкуниҳо комёбиҳо таманно намуд. Ба хатмкунандагони ин даргоҳ дар фазои тантанавӣ диплом супорида шуд.
Сипас маросими гузашти тантанавӣ аз тарафи ҳайати афсарон, хатмкунандагон ва курсантони факулта сурат гирифт. 
Ҳамчунин рухдоди дигари хотирмон дар ин рӯз-ин аз тармими асосӣ баровардани бинои нави таълимӣ буд. Бинои мазкур дорои синфхонаҳои таълимӣ, китобхона ва як бинои маркази тестӣ аст. Изҳори умед карда шуд, ки дар соли хониши нав васоити техникӣ пурра дар хидмати курсантон қарор мегиранд.  
 

Июнь 24, 2014 11:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд