Роҳхати бештар ба Хатлон
Душанбе, 06.06.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).- Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ конфронси ҷумҳуриявӣ «Оид ба тақсимоти мутахассисони ҷавон дар соли хониши 2014-2015» доир шуд. Дар ҳамоиш ректори донишгоҳ А.Раҳмонов зикр кард, ки дар соли таҳсили ҷорӣ дар донишгоҳ аз рӯи 27 ихтисос 909 нафар донишҷӯ, аз ҷумла, 533 нафар аз тариқи буҷавӣ, 101 нафар тибқи квотаи Президентӣ ва 376 нафар аз тариқи шартнома хатм менамоянд.
Тибқи роҳхати Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 533 нафар хатмкунанда ба вилояти Хатлон 169 нафар, ба вилояти Суғд 52 нафар, ба вилояти Кӯҳистони Бадахшон 52 нафар, ба шаҳри Душанбе 102 ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 158 нафар сафарбар мешаванд.
Бо зикри он ки шояд дар асоси созишномаи сеҷониба баъзеҳо дар донишгоҳ ҳамчун магистр таҳсили худро идома диҳанд, ректори донишгоҳ ба масъалаи ба ҳайси омӯзгори ҷавон ба кор рафтани донишҷӯёне. ки аз тариқи квота таҳсил намудаанд, дахл карда, гуфт: Ин нафарон тибқи роҳхате, ки доранд, ҳатман бояд ба маҳалҳои худ баргашта, аз рӯйи ихтисосашон кор кунанд. Бо эъломи он ки имсол дар донишгоҳ аввалин докторҳои ихтисосӣ қабул мешаванду инҳо магистрон хоҳанд буд, А.Раҳмонов гуфт, ки ҳарчанд нарасидани кадрҳо дар ҳама ноҳияҳо ҳаст, ин мушкил бештар дар вилояти Хатлон ба назар мерасад. Ба изҳори ӯ, имрӯз баръакс дар бисёре аз шаҳрҳои ВМКБ кадрҳо зиёданд, барои ҳамин донишҷӯён бештар бояд ба шаҳру навоҳии Хатлону Рашту Суғд ба кор сафарбар шаванд, ки он ҷо масъалаи хобгоҳ ҳам мушкил надорад.
Муовини сардори раёсати кадрҳо ва корҳои махсуси Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон Зиёратшо Назруллоев изҳор дошт, ки агар чанд соле пеш нарасидани кадрҳо 13 ҳазор буд, ҳоло ин шумора 477 нафарро ташкил медиҳад, ки 45 нафар ба вилояти Хатлон дахл дорад. Аз мақомоти маҳаллӣ зиёда аз 3300 дархост расидааст, зиёда аз 4000 нафар кадр ҳамин соҳаро хатм мекунаду метавон гуфт, ки ин мушкил ҳалшаванда аст.








ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини Ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи Дӯстӣ аз як замин се навъи маҳсулот ҷамъоварӣ мекунад
Дар Тоҷикистон мусобиқаи «МегаФон Life дар сабки футбол» анҷом ёфт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ду маркази нави илмӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Ивановои Федератсияи Русия зиёда аз 600 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС»-ро 127 донишҷӯ хатм намуд
Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориро дар соҳаи энергетика ва захираҳои об густариш медиҳанд






