Русия барои ДСТР 130 миллион рубл ҷудо хоҳад кард
Душанбе, 18.06.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-«Ҳукумати Русия дар соли 2015 аз буҷети давлатиаш ҷиҳати харидани таҷҳизоти муосир барои бинои нави Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия /ДСТР/ 130 миллион рубл ҷудо менамояд». Ин матлабро дар ҷараёни мулоқоташ Валентина Матвиенко -раиси Шӯрои Федератсияи Русия бо Шукурҷон Зуҳуров-раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маскав иброз дошт. Валентина Матвиенко таъкид кард ки: «Ман хеле шодам, ки дар Тоҷикистон барои омӯзиш ва рушди забони русӣ диққати ҷиддӣ медиҳанд». Дар ин росто, Шукурҷон Зуҳуров -раиси Маҷлиси намояндагон афзуд, ки қабл аз сафарам ба Маскав бо ҳайати олимону устодони Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия мулоқот доштам ва паёми онҳоро ба Шумо мерасонам. Мавсуф таъкид кард, ки Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия моли муштараки кишварҳоямон аст. Ҳамзамон Ш. Зуҳуров ба В. Матвиенко пешниҳоди нави ҳайати устодону донишҷӯёни ДСТР -ро дар мавриди раиси фахрии Шӯрои парасторони ДСТР будани В. Матвиенкоро расонд. Валентина Матвиенко зимни сафари расмиаш ба Тоҷикистон аз ин муассисаи таълимӣ дидан намуда, дар ҷараёни мулоқоташ бо ҳайати устодону донишҷӯёни он ба ҳайси доктори фахрии Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия пазируфта шуд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст






