Русия барои ДСТР 130 миллион рубл ҷудо хоҳад кард

Июнь 18, 2014 10:42

Душанбе, 18.06.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-«Ҳукумати Русия дар соли 2015 аз буҷети давлатиаш ҷиҳати харидани таҷҳизоти муосир барои бинои нави Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия /ДСТР/ 130 миллион рубл ҷудо менамояд». Ин матлабро дар ҷараёни мулоқоташ Валентина Матвиенко -раиси Шӯрои Федератсияи Русия бо Шукурҷон Зуҳуров-раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маскав иброз дошт. Валентина Матвиенко таъкид кард ки: «Ман хеле шодам, ки дар Тоҷикистон барои омӯзиш ва рушди забони русӣ диққати ҷиддӣ медиҳанд». Дар ин росто, Шукурҷон Зуҳуров -раиси Маҷлиси намояндагон афзуд, ки қабл аз сафарам ба Маскав бо ҳайати олимону устодони Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия мулоқот доштам ва паёми онҳоро ба Шумо мерасонам. Мавсуф таъкид кард, ки Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия моли муштараки кишварҳоямон аст. Ҳамзамон Ш. Зуҳуров ба В. Матвиенко пешниҳоди нави ҳайати устодону донишҷӯёни ДСТР -ро дар мавриди раиси фахрии Шӯрои парасторони ДСТР будани В. Матвиенкоро расонд. Валентина Матвиенко зимни сафари расмиаш ба Тоҷикистон аз ин муассисаи таълимӣ дидан намуда, дар ҷараёни мулоқоташ бо ҳайати устодону донишҷӯёни он ба ҳайси доктори фахрии Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия пазируфта шуд.

Июнь 18, 2014 10:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд