Сармураббии «Хайр» иваз шуд

Июнь 19, 2014 16:07

Душанбе, 19.06.2014. (АМИТ «Ховар»). — Барои пурқувват кардани дастаи футболи «Хайр»-и Ваҳдат мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бо мураббии белорус Пётр Качура  то охири соли ҷорӣ  шартнома ба имзо расонд. 
Бояд гуфт, ки дастаи «Хайр»-и шаҳри Ваҳдат яке аз дастаҳои хуби кишвар буда, дар Лигаи миллии футбол дар қатори пешсафон ҷойгир шудааст. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Вахдат бо  мақсади амалӣ кардани дастуру супоришҳои Президенти мамлакат ва эълон шудани «Соли омавии футбол» пайваста ба даста кумак намуда, барои яке аз ҷойҳои ифтихориро ишғол карданаш тамоми шароитҳоро муҳйё месозад. Ин навбат бо даъвати раиси шаҳр Амирзода Раҳмоналӣ Амир яке аз мураббиёни шинохтаи Белорус Пётр Качура, ки пештар  дастаи  Динамо Минскро машқ медод, ба шаҳри Ваҳдат омад ва минбаъд ҳамчун сармураббии дастаи «Хайр» то анҷоми чемпионат ин дастаро  машқ медиҳад.  Дар рафти шиносоӣ бо даста роҳбарияти шаҳр эълон кард, ки омода аст барои боз ҳам хуб шудани бозии даста ҳама чораҳои заруриро андешад ва ба даста даъват шудани яке аз мутахассисони шинохта аз ҷумлаи ин дастгириҳост. Мураббии тозаинтихоб бо футболбозон шинос шуда,  барои даъват шуданаш ба дастаи Хайр минатдории худро ба  роҳабрияти шаҳри Ваҳдат баён кард ва афзуд, ки  кӯшиш менамояд, то мақсади дар наздаш гузошташударо иҷро кунад.  
Қобили зикр аст, ки дар шаҳри Вахдат бобати ба варзиш ҷалб намулани ҷавонон корҳои ҳавасмандгардонӣ рӯз аз рӯз вусъати тоза мегирад. 
 

Июнь 19, 2014 16:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст