Сармуррабии «Далерон -Ӯротеппа» истеъфо дод
Душанбе, 02.06.2014. (АМИТ «Ховар», Ситораи Боймурод).- Аҳлиддин Турдиев, сармураббии дастаи нави лигаи олии футболи Тоҷикистон — «Далерон -Ӯротеппа»-и Истаравшан — аз вазифааш истеъфо дод.
Бино ба иттилои Федератсияи футболи кишвар сармураббии «Далерон-Ӯротеппа» Аҳлиддин Турдиев баъди шикаст аз дастаи«Хайр» тасмим гирифтааст, ки аз сармураббигии дастаи «Далерон-Ӯротеппа» истеъфо диҳад.
Ёдрас мешавем, ки Аҳлиддин Турдиев дар моҳи феврали соли равон ба вазифаи сармураббии «Далерон-Ӯротеппа» таъйин шуда буд. Бо раҳбарии вай «Далерон» дар чемпионати кишвар 7 бозӣ карда, 2 пирӯзӣ ба даст овардааст ва дар 3 бозӣ шикаст хӯрдааст. «Далерон» дар байни 10 даста дар ҷойи 8-ум қарор дорад.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






