Шӯрои адлия оид ба парваданҳои ҷиноятӣ семинар баргузор намуд
Душанбе, 2.06.2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода). — Ҳафтаи сипаригардида дар Шўрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки кормандони дастгоҳи Шўрои адлия, судҳои шаҳри Душанбе, ноҳияҳои шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, суди ҳарбии гарнизони Душанбе ва суди иқтисодии шаҳри Душанбе семинар баргузор гардид.
Дар семинар Ҳ. Раҷабов, судяи суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе дар мавзўи «Асосҳои умумии таъйини ҷазо бо парвандаҳои ҷиноятӣ» П. Мирзоев муовини раиси суди иқтисодии шаҳри Душанбе дар мавзўи «Тартиби баррасии парвандаҳо оид ба барқарор кардани парвандаи судии гумшуда дар судҳои иқтисодӣ», С. Қудратова судяи суди ноҳияи Варзоб дар мавзўи «Тачрибаи баррасии парвандаҳои оилавӣ марбут ба муайян кардани ҷои зисти кўдакон ва тартиби муошират бо онҳо», Д. Зуҳуров, судяи суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар мавзўи «Баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ вобаста ба майдаавбошӣ ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳо, ки ба вайрон кардани тартиботи ҷаъмиятӣ ва ахлоқ вобаста мебошанд», сухан гуфтанд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






