Ш.Саид ва К.Жгенти ҳамкории Гурҷистону Тоҷикистонро таҳким мебахшанд
Душанбе, 03.06.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ). – 2 июн раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Шариф Саид Сафири Гурҷистон дар Тоҷикистон Константин Жгентиро ба ҳузур пазируфт.
Тавре ки аз ПСС ҶТ хабар доданд, зимни мулоқот масоили муносибатҳои дуҷонибаи тиҷоратию иқтисодӣ мавриди муҳокима қарор гирифта, зикр шуд, ки соҳибкорону тоҷирони ҳар ду кишвар ҷонибдори рушду таҳким бахшидани ҳамкории мутақобилан муфид бо мусоиати палатаҳои савдо ва саноати Тоҷикистону Гурҷистон мебошанд.
Шариф Саид Константин Жгентиро ба муносибати ба мансаби сафир таъин шуданаш муборакбод карда, ба мавсуф дар фаъолияти дипломатиаш дар Тоҷикистон муваффақиятҳо орзу кард.
Раиси Палатаи савдои кишвар ба дипломати олимақом дар бораи рушди устувори иқтисодиёти Тоҷикистон, татбиқи барномаҳои иқтисодӣ, вазъи мусоиди сармоягузорӣ муфассал нақл карда, зикр намуд, ки қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи мустаҳками ҳуқуқиро барои фаъолияти соҳибкорию тиҷоратии сармоягузорони хориҷӣ фароҳам меоранд.
Константин Жгенти тасдиқ намуд, ки ҷониби Гурҷистон хоҳони рушду густариш ёфтани Палатаи савдо ва сохторҳои соҳибкорию тиҷоратии Тоҷикистон аст.
Шариф Саид Константин Жгетиро даъват намуд, ки дар Намоишгоҳ — ярмаркаи махсуси байналмилалии «ИНТЕРЛЕГПРОМ – 2014», ки аз 4 то 8 июн дар Маҷмаи давлатии «Кохи Борбад» баргузор мегардад, иштирок намояд.
Тарҷумон – Шарифзода М.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






