Ш. Зуҳуров: «Бояд мутахассисони ҳирфаӣ тайёр намоем»

Июнь 20, 2014 17:01

                Душанбе, 20.06.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода»).-Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон  Зуҳуров 20 июн зимни баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти ибтидоии касбӣ» пешниҳод намуд, ки бояд дар ҷумҳурӣ дар заминаи литсейҳои касбию техникӣ курсҳои кӯтоҳмуддати аз 3 то  6-моҳаи касбомӯзӣ ташкил шаванд. Мавсуф аз муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии кишвар Абдусалом Мирзоев  тақозо кард, ки  ҳамчун сарпарасти ин бахш дар вазорат  тадбирҳои  зарурӣ андешанд. Хусусан ҷиҳати  тақвияти базаи заминаи техникии литсейҳои касбию техникӣ, то ҷавонон бо дастгоҳҳои ҳозиразамон кор карда тавонанд.  
              Раиси Маҷлиси намояндагон таъкид кард, ки пеш аз оне, ки ҷавонони тоҷик ба хориҷи кишвар, хусусан ба Русия барои кор мераванд, бояд онҳо касби муайн дошта бошанд ва бо таҷҳизоти  муосири истеҳсолӣ кор карда тавонанд. Ш. Зуҳуров ҳамзамон масъалаи ба роҳ мондани ҳамкорӣ байни литсейҳои касбомӯзии  Тоҷикистону Русияро дар мавриди омӯзонидани ҷавонони тоҷик дар литсейҳои касбию техникии ин кишварро таъкид кард. Мавсуф афзуд, ки дар бисёре аз муассисаҳои олии таълимии кишвар ҳуқуқшиносу иқтисодчӣ тайёр мешаванд, ки баъди хатми донишгоҳҳо ҷои кор намеёбанд. Бояд дар ҷумҳурӣ бо назардошти ниёзи бозори меҳнати дохилӣ ва хориҷӣ мутахассисони ҳирфаиро, ки ба талаботи бозори меҳнат  ҷавогӯанд, омода созем, бахусус мутахассиони касбиро  дар бахши истеҳсолот, то иқтисоди кишвар пешрафт намояд. 
              Шукурҷон Зуҳуров афзуд, ки: «Зимни сафари расмиям ба Русия, ки рӯзҳои 17-19 июн сурат гирифт ва мулоқотам бо роҳбарону намояндагони баландпояи мақомоти ин кишвар дар радифи дигар масъалаҳо,  масоили марбут ба муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони Тоҷикистон ва ҳифзи ҳуқуқҳои иҷтимоии онҳо дар ин кишвар дар сархати суҳбатҳоям қарор дошт. Мо он пешниҳодҳое, ки ба ҷониби Русия дар мавриди ҳимояи ҳуқуқҳои муҳоҷирони меҳнатии тоҷик пешниҳод кардем,  онҳо пазируфтанд ва мехоҳанд, ки  дар оянда дар ин самт тадбирҳои зарурӣ андешанд».

Июнь 20, 2014 17:01

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад