Шаҳри нав дар харитаи Суғд

Июнь 10, 2014 15:39

Хуҷанд, 10.06.2014. (АМИТ «Ховар», Абдуаҳад  Шарифзода). – Солҳои наздиктарин  дар харитаи  ҷуғрофии   вилояти  Суғд  шаҳри  нав  пайдо  мешавад. Шаҳри  наве, ки дар маҳалли Сомғари ноҳияи  Бобоҷон  Ғафуров  бунёд  мегардад, ҳанӯз  унвон  надошта, номи  он дар ҷараёни  сафари Сарвари давлат Эмомалӣ  Раҳмон  баҳори  соли оянда  ба  Суғд  муайян  карда  мешавад. 
Рӯзи  ҷумъаи  гузашта бо  иштироки раиси вилояти  Суғд  Абдураҳмон  Қодирӣ   маросими  гузоштани  санги  аввал  ба  таҳкурсии  сохтмони  шаҳри  Нав  баргузор  гардид. Барои  эъмори шаҳр, ки дар он  бояд 40  ҳазор  нафар сокинони Сомғар  истиқомат намоянд, беш  аз 7  ҳазор  гектар  замин ҷудо  карда  мешавад. 
Раиси  вилоят якҷоя  бо  роҳбарону  мутахассисони муассисаҳои   сохтмонӣ,  заминсозӣ, умури  обёрӣ  ва  меъморони  шаҳри  Хуҷанд  бо  лоиҳаи шаҳри  нав  шинос  шуд. 
Чанде  пештар дар  ин  маҳал  бо  иштироки  мутахассисони   шаҳри  Екатеринбурги  Русия маросими пармакории чоҳи  аввал барои  таъмини  ин  маҳалла  бо  об оғоз  ёфт. 
Барои татбиқи лоиҳаи  аввали обтаъминкунӣ  60  миллион  сомонӣ   ва лоиҳаи дуюми  он  50  миллион  сомонӣ    сарф  мешавад.

Июнь 10, 2014 15:39

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад