Шаҳри нав дар харитаи Суғд
Хуҷанд, 10.06.2014. (АМИТ «Ховар», Абдуаҳад Шарифзода). – Солҳои наздиктарин дар харитаи ҷуғрофии вилояти Суғд шаҳри нав пайдо мешавад. Шаҳри наве, ки дар маҳалли Сомғари ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бунёд мегардад, ҳанӯз унвон надошта, номи он дар ҷараёни сафари Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон баҳори соли оянда ба Суғд муайян карда мешавад.
Рӯзи ҷумъаи гузашта бо иштироки раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ маросими гузоштани санги аввал ба таҳкурсии сохтмони шаҳри Нав баргузор гардид. Барои эъмори шаҳр, ки дар он бояд 40 ҳазор нафар сокинони Сомғар истиқомат намоянд, беш аз 7 ҳазор гектар замин ҷудо карда мешавад.
Раиси вилоят якҷоя бо роҳбарону мутахассисони муассисаҳои сохтмонӣ, заминсозӣ, умури обёрӣ ва меъморони шаҳри Хуҷанд бо лоиҳаи шаҳри нав шинос шуд.
Чанде пештар дар ин маҳал бо иштироки мутахассисони шаҳри Екатеринбурги Русия маросими пармакории чоҳи аввал барои таъмини ин маҳалла бо об оғоз ёфт.
Барои татбиқи лоиҳаи аввали обтаъминкунӣ 60 миллион сомонӣ ва лоиҳаи дуюми он 50 миллион сомонӣ сарф мешавад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд






