Шарҳи муштараки маҷмўи лоиҳаҳои сармоягузорӣ
Душанбе, 26.06.2014. (АМИТ “Ховар”, Бекназари Абӯбакр). — 25 июн дар Кохи Ваҳдат 9-умин Шарҳи муштараки маҷмўи лоиҳаҳои сармоягузории давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки осиёгии Рушд ва Бонки ҷаҳонӣ баргузор гардид. Дар он Қодири Қосим — раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Марша Олив — намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ, Си Си Ю — намояндаи доимии Бонки осиёгии Рушд, намояндагони вазорату идораҳои дахлдор ва роҳбарони агентиҳои татбиқкунандаи лоиҳаҳои сармоягузорӣ ширкат варзиданд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола дар робита бо Бонки осиёгии Рушд ва Бонки ҷаҳонӣ Шарҳи муштараки маҷмўи лоиҳаҳои сармоягузории давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки осиёгии Рушд ва Бонки ҷаҳониро мегузаронад. Ҳадафи асосии гузаронидани чунин шарҳ аз он иборат аст, ки таҳлили раванди татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории бонкҳои мазкур ва мушкилоте, ки дар татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ ҷой доранд, бартараф шаванд.
Зимни татбиқи тадбирҳои Стратегияи миллии рушд ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Шарикони Рушд муяссар гардид, ки суботи иқтисодиро дар кишвар таъмин намуда, сатҳи камбизоатиро то андозае коҳиш диҳанд. Муайянсозии ҳадафҳои асосии таъминкунандаи рушди босуботи кишвар, истиқлолияти энергетикӣ, аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани мамлакат ва амнияти озуқаворӣ, татбиқи стратегияҳои миёнамуҳлати паст кардани сатҳи камбизоатӣ, таҳкурсии мустаҳакам барои бартараф намудани мушкилоту монеаҳои мавҷудаи ҷомеаи навини кишварамон ва шурўъ намудан ба корҳои азими бунёдкориву созандагӣ аз ҷониби Шарикон оид ба Рушд ҷонибдорӣ гардид. Стратегияи миёнамуҳлати баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шуд.
Бояд тазаккур дод, ки аз аввали ҳамкорӣ ҳаҷми умумии дастгирии молиявии бонкҳои мазкур дар маҷмӯъ ба 1,9 млрд. доллари ИМА расида, 1,2 млрд. доллари амрикоӣ ё 61 фоизи он ба Бонки осиёгии Рушд ва 743 млн. доллари ИМА ё 39 фоизи он ба Бонки ҷаҳонӣ рост меояд. Аз соли 1998 то ба имрўз аз ҷониби бонкҳои мазкур дар маҷмӯъ маблағгузории қариб 110 лоиҳа дастгирӣ ёфта, татбиқи қисми зиёди онҳо таъмин гардидааст. То ҳолати 1 июни соли 2014 маҷмўи лоиҳаҳои амалкунандаи Бонки осиёгии Рушд аз 11 лоиҳаи қарзию грантӣ ба маблағи 570,97 млн. доллари амрикоӣ ва Бонки ҷаҳонӣ аз 13 лоиҳаи қарзию грантӣ ба маблағи 213,84 млн. доллари ИМА иборат аст ва бояд зикр намуд, ки 83,3 фоизи маблағҳои Бонки осиёгии Рушд маблағҳои грантӣ ташкил дода, аз Бонки ҷаҳонӣ 88,5 фоиз маблағҳои грантӣ мебошанд.
Дар сохтори маҷмўи лоиҳаҳои амалкунандаи бонкҳои мазкур маблағҳои ҷудогардида барои рушди соҳаҳои энергетика, нақлиёт, кишоварзӣ, обтаъминкунӣ, маориф, тандурустӣ ва идораи давлатӣ сафарбар шудаанд.
Бояд гуфт, ки Шарҳи муштараки маҷмўи лоиҳаҳои сармоягузории давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки осиёгии Рушд ва Бонки ҷаҳонӣ шарҳи нӯҳумин ба ҳисоб рафта, аз натиҷаи он нақшаи амали Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки осиёгии Рушд ва Бонки ҷаҳонӣ барои соли 2014 қабул мешавад.








Дар Рашт дар мавзуи «Ваҳдати миллӣ – асоси таҳкими давлатдории тоҷикон» конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Бохтар бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ баргузор гардид
Дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 2-и шаҳри Норак бинои иловагӣ сохта мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Беш аз ду километр роҳи деҳаи Ниликони ноҳияи Рӯдакӣ мумфарш гардид
Дар ҷаласаи 45-уми Шурои идоракунандагони GCF масъалаҳои стратегии марбут ба татбиқи Созишномаи Париж баррасӣ мешаванд
Хизматрасонӣ 24/7: чӣ тавр оператори мобилӣ бо муштариён муошират менамояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1245 сомонӣ муқаррар шудааст
Иштирокдорони Форуми XI байналмилалии «Кӯдакони Иттиҳод» дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад






