Шиносоии ҳайати ҳукуматӣ аз вазъи иҷтимоии водии Рашт

Июнь 11, 2014 16:18

Душанбе, 11.04.2014. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Ҳайати гуруҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини Сарвазири мамлакат Марҳабо Ҷабборӣ бо мақсади аз наздик шинос шудан бо мушкилоти мардум, вазъи соҳаҳои фарҳангию иҷтимоӣ, аз ҷумла ҳолати таълиму тарбия, ҳифзи саломатию иҷтимоии аҳолӣ, фаъолияти муассисаҳои соҳавӣ, ҳолати фаъолияти иттиҳодияҳои динӣ ва мулоқоти ошкоро бо мардуми минтақаҳо, бахусус занон ба ноҳияҳои води Рашт сафар намуд. Нахуст имрўз таҳти роҳбарии муовини Сарвазири мамлакат Марҳабо Ҷабборӣ дар Ҷиргатол ҷаласаи сайёри назоратӣ ҷиҳати амалӣ намудани қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 июли соли 2009, №430 “Дар бораи муҳоҷирати дохилии аҳолӣ аз ҳудуди ноҳияи Ҷиргатол ва ноҳияҳои минтақаи Рашт ба мавзеи Лахши ноҳияи Ҷиргатол” баргузор гардид. Дар кори ҷаласа вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Сумангул Тағоева, сардори Раёсати рушди иҷтимоии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Г.Туманова, раисони ноҳияҳои Рашт, Нуробод, Тавилдара, Тоҷикобод ва дигар шахсони масъул иштирок доштанд. Дар ҷаласаи сайёр масоили вобаста ба муҳоҷирати дохилии аҳолӣ аз ҳудуди ноҳияҳои Ҷиргатол ва ва ноҳияҳои минтақаи Рашт ба мавзеи Лахши ноҳияи Ҷиргатол мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор гирифта, дар самти бунёду таъмин бо муассисаҳои иҷтимоӣ, бахусус мактабу беморхона ва дигар иншооти маишию иҷтимоӣ мароқ зоҳир гардид. Пас аз анҷоми ҷаласа муовини Сарвазир Марҳабо Ҷабборӣ ва ҳайати ҳамроҳонаш аз мавзеи муҳоҷирони дохилдии ҷамоати деҳоти Чоргули ноҳияи Ҷиргатол боздид ба амал оварда, бо сокинони он мулоқоти ошкоро доир намуд, ки дар масоили марбутаи соҳаҳои ҷолиби таваҷҷуҳ матраҳ гардид.Дар ҷараёни ин сафари корӣ ҳайати ҳукуматӣ таҳти роҳбарии муовини Сарвазири мамлакат М. Ҷабборӣ ба дигар ноҳияҳои водии Рашт ташриф оварда, аз муассисаҳои таълимӣ, фарҳангӣ, тандурустӣ ва иттиҳодияҳои динии он аз наздик шинос мешаванд ва бо мардуми он мулоқотҳо анҷом хоҳанд дод.

Июнь 11, 2014 16:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!