Шиносоии вазири нақлиёт аз вазъи роҳҳои ВМКБ

Июнь 26, 2014 15:01

Душанбе, 26.06.2014. (АМИТ «Ховар», Кристина  Эрлих). — Дар  ҷараёни  ҷаласае, ки 25 июн  дар  шаҳри  Душанбе баргузор  гардид,  натиҷаи  сафари  вазири  нақлиёти  ҶТ  Хайрулло  Асозода ба Вилояти  Мухтори  Кӯҳистони  Бадахшон  барои  шиносоӣ  бо вазъияти  роҳҳои  ин  вилоят мавриди баррасӣ  қарор  гирифт. Вазири  нақлиёти  Тоҷикистон  аз  17  то 22  июн  бо  вазъияти роҳҳои  ВМКБ   шинос  шуда,  бо  роҳбарони  ташкилотҳои  роҳсозӣ  суҳбат  намуд. Дар  ин  бора  аз  маркази  матбуоти  Вазорати нақлиёти  ҶТ  ба  АМИТ  «Ховар»  хабар  доданд.
Мувофиқи  суханони  манбаъ,  вазири нақлиёти  Тоҷикистон  Хайрулло  Асозода  сафарашро  аз  татбиқи  лоиҳаҳои  сармоягузорӣ  ҷиҳати  сохтмони роҳҳои  мошингарди  Данғара —  Кангурт ,  Ховалинг —  Восеъ,  пули  мошингарди  Кафтархор,  206  километрии   роҳи  мошингарди  Душанбе —  Хоруғ,  ҳамчунин  лоиҳаҳои  сохтмонии  Шурообод — Шоҳон ва Шағон — Зиғор   оғоз  намуда, ин  корро  бо тафтиши  вазъи  роҳҳои  ноҳияҳои  Ванҷ,  Дарвоз, Ишкошим, ҳамчунин  роҳи Хоруғ — Қулма  анҷом  дод. 
Вазир  бо сохтмончиёну  роҳбарони  лоиҳаҳои  бунёди  роҳҳои  зикршуда  суҳбат  намуд.  Маълум  шуд, ки  яке  аз мушкилоти  асосии  хидматрасонии  хушсифати роҳҳо  иборат  аз   кифоят  накардани техникаи  сохтмонист.  Вазир  аз  фаъолияти   сохтмончиён  дар  қитъаҳои  роҳҳои  мошингарди  ноҳияҳои  Нуробод ва  Файзободу  Ваҳдат  изҳори  қаноатмандӣ  карда,   ба   зудтар  анҷом  додани  корҳои  сохтмонӣ  ва  мавриди  истифода  қарор  гирифтани  роҳҳои  мошингарди  Мастчоҳи  Кӯҳӣ  таваҷҷӯҳи  хоса  зоҳир  намуд.
Хайрулло  Асозода  дар  анҷоми  сафараш  ба   сохторҳои  дахлдори  вазорат  дастур  дод, ки  ташкилотҳои   роҳҳои  мошингарди  Вилояти  Мухтори  Кӯҳистони  Бадахошнро  бо техникаи   зарурӣ   таъмин  намоянд.

Июнь 26, 2014 15:01

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад