Шиносоии вазири нақлиёт аз вазъи роҳҳои ВМКБ
Душанбе, 26.06.2014. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). — Дар ҷараёни ҷаласае, ки 25 июн дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, натиҷаи сафари вазири нақлиёти ҶТ Хайрулло Асозода ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон барои шиносоӣ бо вазъияти роҳҳои ин вилоят мавриди баррасӣ қарор гирифт. Вазири нақлиёти Тоҷикистон аз 17 то 22 июн бо вазъияти роҳҳои ВМКБ шинос шуда, бо роҳбарони ташкилотҳои роҳсозӣ суҳбат намуд. Дар ин бора аз маркази матбуоти Вазорати нақлиёти ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Мувофиқи суханони манбаъ, вазири нақлиёти Тоҷикистон Хайрулло Асозода сафарашро аз татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ ҷиҳати сохтмони роҳҳои мошингарди Данғара — Кангурт , Ховалинг — Восеъ, пули мошингарди Кафтархор, 206 километрии роҳи мошингарди Душанбе — Хоруғ, ҳамчунин лоиҳаҳои сохтмонии Шурообод — Шоҳон ва Шағон — Зиғор оғоз намуда, ин корро бо тафтиши вазъи роҳҳои ноҳияҳои Ванҷ, Дарвоз, Ишкошим, ҳамчунин роҳи Хоруғ — Қулма анҷом дод.
Вазир бо сохтмончиёну роҳбарони лоиҳаҳои бунёди роҳҳои зикршуда суҳбат намуд. Маълум шуд, ки яке аз мушкилоти асосии хидматрасонии хушсифати роҳҳо иборат аз кифоят накардани техникаи сохтмонист. Вазир аз фаъолияти сохтмончиён дар қитъаҳои роҳҳои мошингарди ноҳияҳои Нуробод ва Файзободу Ваҳдат изҳори қаноатмандӣ карда, ба зудтар анҷом додани корҳои сохтмонӣ ва мавриди истифода қарор гирифтани роҳҳои мошингарди Мастчоҳи Кӯҳӣ таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намуд.
Хайрулло Асозода дар анҷоми сафараш ба сохторҳои дахлдори вазорат дастур дод, ки ташкилотҳои роҳҳои мошингарди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахошнро бо техникаи зарурӣ таъмин намоянд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






