Ширкати эронӣ ба бозорҳои Тоҷикистон роҳ меҷӯяд

Июнь 20, 2014 14:26

 
Душанбе, 20.06.2014. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). -Муовини раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Асаналӣ Карамалиев бо раиси корхонаҳои муштараки истеҳсолии молҳои Теҳрон Маҳмуд Истиқлол мулоқот намуд. Ҳадафи мулоқот баррасии имконоти роҳ ёфтани  ширкат  ба бозорҳои Тоҷикистон буд. Дар ин бора аз маркази матбуоти ПСС ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.
Тибқи иттилои манбаъ, ширкат асосан техникаҳои маишию электрикӣ истеҳсол менамояд, ки  бо таҷҳизоти баландсифат дар Эрон истеҳсол мешавад.
«Ширкат ният дорад робитаҳоро бо корхонаҳои манфиатдор бо мақсади барқарорсозии дистрибютерӣ ба роҳ монад. Ин қадами аввалини роҳ ҷустани ширкати мазкур ба бозори Тоҷикистон мебошад», — таъкид намуд манбаъ.
А.Карамалиев ба меҳмонон дар бораи имконоти иқтисодии Тоҷикистон, фазои сармоягузорӣ, преференсия ва имтиёз барои сармоягузорон, аъзоёни ПСС -и Тоҷикистон иттилоъ дод. 
 

Июнь 20, 2014 14:26

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад