Ширкати эронӣ ба бозорҳои Тоҷикистон роҳ меҷӯяд
Душанбе, 20.06.2014. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). -Муовини раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Асаналӣ Карамалиев бо раиси корхонаҳои муштараки истеҳсолии молҳои Теҳрон Маҳмуд Истиқлол мулоқот намуд. Ҳадафи мулоқот баррасии имконоти роҳ ёфтани ширкат ба бозорҳои Тоҷикистон буд. Дар ин бора аз маркази матбуоти ПСС ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.
Тибқи иттилои манбаъ, ширкат асосан техникаҳои маишию электрикӣ истеҳсол менамояд, ки бо таҷҳизоти баландсифат дар Эрон истеҳсол мешавад.
«Ширкат ният дорад робитаҳоро бо корхонаҳои манфиатдор бо мақсади барқарорсозии дистрибютерӣ ба роҳ монад. Ин қадами аввалини роҳ ҷустани ширкати мазкур ба бозори Тоҷикистон мебошад», — таъкид намуд манбаъ.
А.Карамалиев ба меҳмонон дар бораи имконоти иқтисодии Тоҷикистон, фазои сармоягузорӣ, преференсия ва имтиёз барои сармоягузорон, аъзоёни ПСС -и Тоҷикистон иттилоъ дод.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






