Ширкати футболбозони ҷавони Тоҷикистон дар мусобиқот барои дарёфти Ҷоми президенти Қазоқистон

Июнь 20, 2014 11:06

Душанбе, 20.06.2014. (АМИТ «Ховар»,  Пайрави  Косим). – Дастаи  мунтахаби  наврасони  Тоҷикистон  оид ба  футбол  дар  ҳошияи  омодагӣ ба Мусобиқоти байналмилалӣ барои  дарёфти  Ҷоми президенти  Қазоқистон  дар  шаҳри  Норак  машқ  мекунад.  
Тавре  ки  менеҷери  дастаи наврасон  Меҳроҷиддин  Холов  хабар  дод,  машқҳои даста то 22  июн  давом  мекунанд. Сармураббии  даста  Салоҳиддин  Ғафуров барои  иштирок  дар  мусобиқот  24 футболбозро  даъват  кардааст. 
Хотирнишон  месозем, ки  мусобиқот барои  дарёфти  Ҷоми  президенти  Қазоқистон аз  25  то 29  июн  дар  шаҳри Остона баргузор  мешавад. Дастаи  мунтахаби  наврасони  Тоҷикистон  дар  гурӯҳи  «В»  бо  дастаҳои  Испаниё,  Эрон ва  Озарбойҷон  қувваозмоӣ  мекунад. Дар гурӯҳи  «В»  дастаҳои  Гурҷистон,  Қирғизистон,  Чин ва  Қазоқистон  бо  ҳам  вомехӯранд.
Футболбозони  кишвари мо  25  июн  бо  дастаи  Эрон,  26  июн  бо  футболбозони  Испаниё  ва 28  июн  бо  дастаи  Озарбойҷон  вомехӯранд.

Июнь 20, 2014 11:06

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад