Шоми танини навои Арғунун дар Донишкадаи санъат
Душанбе, 13.06.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-Бо ташаббуси Сафорати Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, маъмурияти вилояти Томски Русия, Намояндагии ҳамкориҳои Русия дар Тоҷикистон «Россотрудничество», вазоратҳои фарҳанг, маориф ва илми Тоҷикистон бегоҳии имрӯз дар толори Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон консерти арт-гурӯҳи «Арғунун ва созҳои зарбӣ» («Орган vs ударные») баргузор мегардад.Тавре аз Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, консерти мазкур дар доираи Рӯзҳои маориф, илм ва фарҳанги вилояти Томски Федератсияи Русия доир мегардад.Дар барномаи консертӣ офаридаҳои машҳуртарини репертуари классикӣ бо партияҳои кушодаи асбобҳои зарбӣ, асарҳои басо нодири махсус барои Арғунун ва асбобҳои зарбӣ навишта, ҳамчунин фарзияҳои ҷаз ва ҷазии репертуари классикӣ, мисоли «Токатта ва фуга ре-минор in jazz» садо медиҳанд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






