Соҳибкорони туркӣ барои ҳамкорӣ омодаанд
Душанбе, 12.06.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- Имрӯз дар Палатаи савдо ва саноати кишвар мулоқоти ҳайати соҳибкорон ва тоҷирони шаҳри Бурсаи Ҷумҳурии Туркия бо ҳайати соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Роҳбарии ҳайати туркиро Консули фахрии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия Алӣ Фуат Эр бар уҳда дошт.Муовини раиси Палатаи савдо ва саноати кишвар Асаналӣ Карамалиев оид ба вазъи иқтисодӣ ва муҳити мусоиди сармоягузорӣ дар Тоҷикистон маълумоти муфассал дода, мақсади баргузории мулоқотро ба роҳ мондани ҳамкориҳои иқтисодии дуҷониба, ҷалби сармоя, инчунин дурнамои фаъолияти муштараки ширкатҳои тоҷикию туркӣ дар Тоҷикистон арзёбӣ намуд.Алӣ Фуат Эр зикр кард, ки: «Дар Тоҷикистон ва Туркия бо талошҳои роҳбарияти олимақоми ин ду давлат заминаҳои хуби ҳамкориҳо фароҳам оварда шудааст. Барои рушди онҳо аз тамоми захираву имконоти мавҷуда бояд самаранок истифода бурд. Соҳибкорони туркӣ омодаанд, ки дар оянда бо Тоҷикистон дар соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, бахусус тиҷорат, бунёди корхонаҳои муштарак, сохтмон ҳамакориҳои дуҷонибаро таҳкиму тавсеа бахшанд».Дар рафти мулоқот вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкориҳои гуногунҷабҳаи дуҷониба, масоили густариши ҳамкориҳои Тоҷикистону Туркия дар бахшҳои иқтисоду савдо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






