Сокини пойтахт ба қаллобӣ гумонбар шуд

Июнь 26, 2014 11:29

Душанбе, 26.06.2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас  Темурзода). – Сокини  пойтахт Абдуфаттоҳ  Умаров  дар  аризааш  унвонии  шуъбаи   корҳои  дохилии   ноҳияи  Сино – 2  изҳор  доштааст, ки  30  сентябри  соли  2013  шаҳрванд  Идибой  Бобоев  бо  роҳи  қаллобӣ  аз  ӯ 17  ҳазор  доллари  ИМА —  ро  қарз  гирифта,  онро  пас  нагардондааст.
Назар  ба  хабари  ВКД  ҶТ,  дар  ҷараёни  тафтишот  маълум  шуд, ки  Идибой  Бобоев 4  октябри  соли  2012  бо  ҳамин  усул  аз  сокини шаҳри  Душанбе  Олимхон  Атобеков  10  ҳазор  доллар  гирифта,   маблағро пас  нагардондааст.
Мавсуф  бо  ҳамин  усул  аз   Абдусалом  Умаров  4  ҳазор  доллар  ва  аз Иродахон  Ҷумъаева  5  ҳазор  доллар  гирифта  маблағҳои  зикршударо барнагардонидааст.
Аз рӯи ҳодисаҳои  зикршуда  парвандаҳои  ҷиноӣ кушода шудааст.  
 

Июнь 26, 2014 11:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад