Соли оммавии футбол дар Шаҳритус

Июнь 5, 2014 14:00

Душанбе, 05.06.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — Ҳафтаи гузашта дар доираи ҷашнвораи футболи кӯдакон бо ибтикори Федератсияи футболи мамлакат дар доираи «Соли оммавии футбол дар Тоҷикистон» пас аз шаҳру ноҳияҳои Душанбе, Кӯлоб, Қӯрғонтеппа ва Қумсангир дар варзишгоҳи «Пахтакор»-и ноҳияи Шаҳритус доир гардид. Дар ҷашнвора беш аз 200 кӯдаку навраси ноҳияҳои Қубодиён, Бешкент ва Шаҳритуси вилояти Хатлон ширкат варзид. 
Кӯдакону наврасон нахуст бо либосҳои ҳадянамудаи Федератсияи байналмилалии футбол (ФIФA) аз майдон гузаштанд. Сипас, бозии омехтаи шавқовари футболу мусиқӣ баргузор шуд. Дастаҳо зери роҳбарии мураббиён дар гӯшаҳои варзишгоҳ қоидаҳои бунёдии бозии футболро омӯхтанд. 
Намояндаи ФФТ  зикр кард, ки ҳадафи асосии роҳандозии тадбири Соли оммавии футбол тарғиби тарзи дурусти зиндагӣ, оммавигардонии футбол ва ҷалби кӯдакону наврасон ба варзиш мебошад. Дар охири маърака ба наврасон яктӯбӣ бо навиштаҷоти «Соли футболи оммавӣ дар Тоҷикистон» ҳадя шуд.

Июнь 5, 2014 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад