Соли оммавии футбол дар Шаҳритус
Душанбе, 05.06.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — Ҳафтаи гузашта дар доираи ҷашнвораи футболи кӯдакон бо ибтикори Федератсияи футболи мамлакат дар доираи «Соли оммавии футбол дар Тоҷикистон» пас аз шаҳру ноҳияҳои Душанбе, Кӯлоб, Қӯрғонтеппа ва Қумсангир дар варзишгоҳи «Пахтакор»-и ноҳияи Шаҳритус доир гардид. Дар ҷашнвора беш аз 200 кӯдаку навраси ноҳияҳои Қубодиён, Бешкент ва Шаҳритуси вилояти Хатлон ширкат варзид.
Кӯдакону наврасон нахуст бо либосҳои ҳадянамудаи Федератсияи байналмилалии футбол (ФIФA) аз майдон гузаштанд. Сипас, бозии омехтаи шавқовари футболу мусиқӣ баргузор шуд. Дастаҳо зери роҳбарии мураббиён дар гӯшаҳои варзишгоҳ қоидаҳои бунёдии бозии футболро омӯхтанд.
Намояндаи ФФТ зикр кард, ки ҳадафи асосии роҳандозии тадбири Соли оммавии футбол тарғиби тарзи дурусти зиндагӣ, оммавигардонии футбол ва ҷалби кӯдакону наврасон ба варзиш мебошад. Дар охири маърака ба наврасон яктӯбӣ бо навиштаҷоти «Соли футболи оммавӣ дар Тоҷикистон» ҳадя шуд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






