Созишномаи байни Тоҷикистону НАТО ба тасвиб хоҳад расид

Июнь 23, 2014 15:02

                Душанбе, 23.06.2014.(АМИТ „Ховар“, Марзия Саидзода).-Дар ҷаласаи Шӯрои палатаи поёнии Парлумони мамлакат, ки 23 июн таҳти раёсати Шукурҷон Зуҳуров-раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ баргузор гардид, як қатор санадҳои байналмилалӣ баррасӣ гардиданд. 
              Аз ҷумла, аъзои Шӯрои Маҷлиси намояндагон Созишномаи байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони Аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ /СААШ-НАТО/ дар бораи дастгирии кишвари қабулкунанда ба нерӯҳои СААШ ва ҳайати СААШ ва оид ба транзити қӯшунҳои СААШ ва ҳайати СААШ, Созишномаи қарзӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки исломии рушд оид ба лоиҳаи «Таҷдиди зеристгоҳи барқии «Равшан» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»,  Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ оид ба лоиҳаи «Беҳтарсозии сатҳи зиндагӣ дар Хатлон», Созишнома дар бораи маблағгузорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ оид ба лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо», Шартнома оид ба маблағгузории Лоиҳаи «Фондҳои ҷамоавӣ барои мусоидати рушди маълумоти асосӣ ва барқарорсозии инфрасохтори коммуналӣ, марҳилаи II» байни Институти қарзии таҷдиди Франкфурти Майни (KfW) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистонро матраҳ намуданд. Зикр шуд, ки санадҳои мазкур бобати рушди соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии кишвар нақши муассир хоҳанд гузошт.

Июнь 23, 2014 15:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?