Стратегияи милии рушд ва инъикоси он дар ВАО
Душанбе, 23.06.2014 (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- Вазорати рушди иқтисод ва савдои кишвар охири ҳафтаи гузашта дар дараи Алмосии ноҳияи Ҳисор барои намояндагони воситаҳои ахбори омма семинар гузаронид.
Муовини вазири рушди иқтисод ва савдо Умед Давлатзода дар ин семинар иброз дошт, ки мақсад аз баргузории он инъикоси васеи татбиқи Стратегияи миллии рушд ва натиҷаҳои бадастомада дар самти амалӣ намудани «Стратегияи баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардуми Тоҷикистон барои солҳои 2013-2015» мебошад.
«Стратегияи баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардуми Тоҷикистон барои солҳои 2013-2015» давраи ҷамъбастии даҳсолаи татбиқи «Стратегияи миллии рушди ҶТ барои давраи то соли 2015» бошад ҳам, масоили зиёдро вобаста ба таъмини ҳадафҳои стратегӣ, ба монанди ислоҳоти идоракунии давлатӣ, таъмини волоияти қонун, пешгӯӣ ва банақшагирии демографӣ, танзими муҳоҷирати меҳнатӣ, рушди бахши хусусӣ ва дастгирии табақаи миёнаи кишварро мавриди баррасӣ қарор медиҳад.
Дар идома кормандони масъули вазорат С.Ҳамидов, Ш. Аброров ва Ф. Фахруддинов оид ба татбиқи «Стратегияи баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардуми Тоҷикистон барои солҳои 2013-2015» маълумот дода, идома додани раванди коҳиши сатҳи камбизоатӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои устуворгардонӣ ва афзоиши теъдоди аҳолии табақаи миёнаро яке аз мақсадҳои асосии стратегия арзёбӣ намуданд.
Дар хотима миёни намояндагони ВАО баҳри тарғиби мавзӯъ ва навиштани матолиби ҷолиб «Озмуни мақола, барномаи телевизионӣ ва интернет маводи беҳтарин» эълон карда шуд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст






