Суғд: баргузории намоиши маҳсулоти ҳунарҳои миллӣ
Хуҷанд, 4.06.2014. (АМИТ “Ховар”, Абдуаҳад Шарифзода).-Дар маркази вилояти Суғд, шаҳри Хуҷанд намоиш-фурӯши молу маҳсулоти ҳунарҳои миллӣ, ки аксаран дар марказҳои таълимӣ — истеҳсолии ҳунарҳои мардумии шаҳру ноҳияҳо истеҳсол шудаанд, баргузор гардид. Ярмаркаи мазкур бо ташаббуси Палатаи савдо ва саноати вилоят ва Ассотсиатсияи миллии занони соҳибкор бо дастгирии бевоситаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят доир гашт. Ҳадафи баргузории ярмарка аз як тараф муаррифии ҳунарҳои миллии дастии точикон, баъдан фарогирии шумораи зиёди сокинон ба касбу ҳунаромӯзӣ ва ба шуғли доимӣ ва ба ин васила тарғибу ташвиқи ҳунарҳои мардумӣ мебошад.
Бояд гуфт, ки имрӯзҳо бо ибтикори раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ дар қаламрави вилоят ҳунарҳои қадимии миллӣ аз нав эҳё шуда истодааст. Аллакай дар қаламрави вилоят чандин курсҳои гуногуни омӯзишӣ ва коргоҳи истеҳсолӣ ба фаъолият шурӯъ намуданд.
Дар намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ аз аксар шаҳру ноҳияҳои вилоят ҳунармандон иштирок намуданд. Инчунин шумораи зиёди шаҳрвандони хориҷи кишвар низ бо ҳунарҳои мардумӣ аз наздик шинос гардиданд. Шаҳрванди Британияи Кабир Саара Дей, ки бори нахуст дар Тоҷикистон қарор дорад ва иштирокчӣ-меҳмони ин намоиш буд, таассуроти худро оид ба ин чорабинӣ чунин иброз дошт: -“Халқи тоҷик аз қадим бо касбу ҳунарҳои мардумии худ дар тамоми олам машҳур аст. Дубора эҳё намудани ҳунарҳои қадимии миллӣ шаҳодати он аст, ки тоҷикон барҳақ дорои таъриху фарҳанги пурғановат мебошанд. Дар тӯли он чор моҳе, ки ман дар Тоҷикистон қарор дорам, аз бисёр урфу одат, анъанаву ҳунарҳоии мардумии ин кишвар огаҳӣ ёфтам. Хусусан ба ман либосҳои миллии ба тарзи дастӣ дӯхташуда бисёр ҳам писанд омаданд. Дӯхти онҳо аз ҷиҳати ороиши миллӣ бисёр ҳам зебоанд”.
Дар ин рӯз дар намоиш зиёда аз 50 намуди ҳунарҳои дастии мардумӣ ба тамошои сокинон ва меҳмонони вилоят гузошта шуд. Дар нақша ҳаст, ки минбаъд низ чунин ярмаркаҳо бо фарогирии шумораи ҳарчи бештари ҳунармандону косибон гузаронида шаванд.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






