Суғд: санҷиш дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ
Хуҷанд, 20.06.2014. (АМИТ “Ховар”, Абдуаҳад Шарифзода).-Дар шимоли кишвар бахри ошкор ва пешгирии фаъолияти нуқтаҳои сайёри ғайриқонунии фурӯши сӯзишвории нафтӣ ва гази моеъ дар қисми ҳамшафати кӯчаю роҳҳои мошингарди ҳудуди вилоят аз тарафи кормандони шуъбаи БДА Раёсати ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд чорабинии мақсаднок доир шуд.
Тавре ки ба хабарнигорамон нозири гурӯҳи ташвиқоту тарғиботи шуъбаи БДА РВКД ҶТ дар вилояти Суғд, капитани милитсия, Диловар Ализода иттилоъ дод, зимни санҷиши мазкур чанд нуқтаи мазкур аз назар гузаронида шуд.
Масалан, дар ҷараёни тафтиш фаъолияти нуқтаи таъмини сӯзишвории нафтӣ дар ҳудуди деҳаи Обшорони ҷамоати деҳоти ба номи Дадобой Холматови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров муайян шуд, ки фаъолияти нуқтаи мазкур бар хилофи талаботи қарори мавҷуда аст, яъне бидуни ҳуҷҷатҳо ва сандаҳои расмӣ, ғайриқонунӣ бо сарфи назар намудани қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор ба роҳ монда шудааст.
Барои машғул гардидан ба фурӯши ғайриқонунии сӯзишвории нафтӣ дар зарфи ғунчоишаш гуногун кормандони шуъбаи БДА нисбат ба фурӯшанда — А. Ғафуров дар асоси қисми 2-и моддаи 291 Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон маводи маъмурӣ тартиб доданд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






