Судяҳо аз паҳлӯҳои гуногуни Ваҳдати миллӣ ёдовар шуданд
Душанбе, 06.06.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — Дирӯз дар суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Конфронси илмӣ-амалӣ бахшида ба 17-умин солгарди Ваҳдати миллӣ бо иштироки муовини раиси Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷ. Саидзода, судяи суди шаҳри Душанбе А. Бозоров, судяҳои суди ноҳияи Фирдавсӣ, инчунин кормандони суди ноҳияи мазкур ва васоити ахбори омма баргузор гардид.Дар конфронс раиси суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Садирзода Нусратулло Абдулло иброз намуд, ки: «Мо бояд ба қадри сулҳу суботи кишварамон бирасем ва дар ҳифзи истиқлолият саҳми муносиб гузошта, арзишҳои сулҳу ваҳдати миллиро ҳифз намоем. Дар ин раванд сохторҳои ҳифзи ҳуқуқи кишвар, бахусус мақомоти судиро зарур аст, ки беш аз ҳама дар ҳифзи арзишҳои истиқлолияту ваҳдати миллӣ фаъол бошанд. Феълан мақомоти судии кишвар ҷиҳати таъмини адолати томи иҷтимоӣ, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои мардум, муассисаю корхона ва ташкилоту созмонҳо ба муваффақиятҳои назаррас ноил гардидаанд. Ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, таъмини волоияти конун ва тартиботи ҳуқуқӣ яке аз вазифаҳои асосии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба ҳисоб меравад».Дар конфронс судяҳои суди ноҳия маърӯза намуда, аз паҳлӯҳои гуногуни Ваҳдати миллӣ ёдовар шуданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






