Судяи Ваҳдат боздошт гардид
Душанбе, 03.06.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон алайҳи судяи суди ноҳияи Ваҳдат бо айби гирифтани пора парванда боз намудааст.Дафтари матбуоти Агентии зидди коррупсия бо тасдиқи ин хабар гуфт, ки бар асоси шикояти сокинони ноҳияи Ваҳдат, судяи суди ин ноҳия Мирмаҳмад Одинаев бо гирифтани пора дар ҳаҷми 4 ҳазор доллар боздошт шудааст. Судя Одинаев аз сокини ин ноҳия Умар Саидов барои ҳалли масъалаи судии ӯ дар ибтидо се ҳазор доллар талаб намуда, онро соҳиб мешавад ва сипас боз як ҳазор доллари дигар талаб мекунад. Бар асоси аризаи Умар Саидов судя ҳангоми гирифтани пора аз тарафи кормандони Агенти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия боздошт мешавад. Ҳоло нисбат ба Мирмаҳмад Одинаев бо моддаи 319 қисми 2, яъне «талаб намудан ва аз худ кардани пора дар ҳаҷми махсусан калон» парванда боз гардида, тафтишот идома дорад.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






