Сулҳи тоҷик ҷовидон бод!

Июнь 26, 2014 15:03

Душанбе, 26.06.2014.(АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).- Имрӯз дар  Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба рӯзи Ваҳдати миллӣ ҷамъомади тантанавӣ баргузор шуд. Тавре ки аз Хадамоти гумрук иттилоъ доданд, дар ҷамъомад раиси  Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Мирзошоҳрух Асрорӣ аз дастовардҳои 17 соли мардуми тоҷик дар фазои Ваҳдати миллӣ ёдовар шуд. Зикр гардид, ки Ваҳдати миллӣ сарчашмаи бахту саодат, якдигарфаҳмӣ, омили муҳими пешрафт ва инкишофи давлату давлатдории миллии тоҷикон аст.
Дар ҷамъомад аз тарафи роҳбарият кормандони фаъоли хадамот барои иҷрои вазифаҳои хизматӣ бо туҳфаҳо ва ифтихорномаҳо қадрдонӣ шуданд.
Инчунин бахшида ба ҷашни Ваҳдати миллӣ Хадамоти гумрук Маҷмааи фароғативу истироҳатии худро, ки дар дараи зебоманзари Ромит воқеъ аст, ба истифода дод.
Маҷмааи мазкур ба таври муосир сохта шуда, шароити хуби моддиву маиширо барои истироҳткунандагон муҳайё кардааст.  
 

Июнь 26, 2014 15:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст